Эътирозҳои оммавӣ ва шикасти президент: Аргентина бо бӯҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ мешавад – ИА Караван Инфо
Эътирозҳои оммавӣ ва шикасти президент: Аргентина бо бӯҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ мешавад

МОСКВА, 18 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Рӯзи чоршанбе дар Буэнос-Айрес эътирози густурда алайҳи сиёсати иқтисодии президент Хавер Милей баргузор шуд.

Ҳазорон донишҷӯён, омӯзгорон ва табибон ба майдони назди конгресси Миллӣ баромада, аз ислоҳоте, ки ба кам намудани маблағгузории донишгоҳҳо ва беморхонаи кӯдаконаи Гаррахан равона шуда буданд, изҳори норозигӣ намуданд.

Пештар вакилони палатаи поёнии парлумон барои ин муассисаҳо маблағ ҷудо намуда буданд, аммо Милей ба ин қарор вето гузошт. Дар давоми раҳпаймоии ҳазорҳо нафар, парлумон имкони бартараф намудани ветои президентиро баррасӣ намуд.

Дар ҷараёни овоздиҳӣ бо аксарияти тахассусӣ вето рад намуда шуд. Ҳоло ин масъала ба Сенат дода шудааст, ки метавонад лоиҳаҳои қонунро дар аввали моҳи октябр баррасӣ кунад.

Вазъият бо мушкилоти иқтисодӣ бадтар мешавад. Лоиҳаи нави буҷет танқиди коршиносонро ба бор овард. Захираҳои Асъории Аргентина суст меафзоянд, аммо барои нигоҳ доштани қурби песо ба доллар хеле зуд сарф мешаванд.

Танҳо дар ин ҳафта барои ин мақсадҳо тақрибан 53 миллион доллар сарф шуд. Вазири иқтисод Луис Капуто ҳушдор дод, ки дар сурати набудани манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ, кишвар хатари сари вақт пардохт нанамудани як қисми қарзи хориҷиро дар назди Бонки байналмилалии асъор дорад, ки метавонад ба дефолт оварда расонад.

Шикастҳои сиёсӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ба президент фишори ҷиддӣ меоранд. Пас аз шикасти ҳизби ӯ дар интихоботи вилояти Буэнос-Айрес, ҳатто иттифоқчиёни нерӯҳои рост аз Милей дурӣ меҷӯянд, ки ин аз осебпазирии афзояндаи лоиҳаи либертарианӣ шаҳодат медиҳад.

Хавер Милей, ки бо ваъдаи ислоҳот ва коҳиши нақши давлат дар иқтисодиёт интихоб шудааст, бо мухолифати афзоянда ва норозигии оммавии аҳолӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Норозигиро коҳиши буҷаи маориф ва тандурустӣ, инчунин ноустувории иқтисодӣ: таварруми баланд, коҳиши захираҳои асъорӣ ва афзоиши ӯҳдадориҳои қарзи хориҷӣ афзоиш медиҳанд.

Аксҳо: REUTERS / Francisco Loureiro

error: