Юлия Путинтсева дар як мусобиқа дар Чин бо пирӯзӣ оғоз намуд
Остона, 30 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Теннисбози қазоқистонӣ Юлия Путинсева баромади худро дар мусобиқаи калон дар Сучжоу (Чин) бомуваффақият оғоз намуд.

Дар бозии ибтидоӣ Путинсева бар рақиби худ аз Фаронса Диана Парри дар се сет пирӯз шуд. Ҳисоби ҷамъбастии вохӯрӣ— 6:1, 6:7, 6:1 ба манфиати қазоқистонӣ.
Дар даври навбатӣ Путинсева бар зидди ғолиби бозӣ байни Юлия Стародубсева (Украина) ва Далма Галфи (Венгрия) бозӣ мекунад.
Аксҳо: КМО ҶҚ