Кадами аввал ба суи илмхои чахони: донишчуи точик дар Мактаби бонуфузи тобистонаи Лондон иштирок намуд – ИА Караван Инфо
Кадами аввал ба суи илмхои чахони: донишчуи точик дар Мактаби бонуфузи тобистонаи Лондон иштирок намуд

Душанбе, 29 июл, АИ «Караван Инфо».  Вокеаи таърихи барои низоми маорифи Точикистон: донишчу аз Кулоб бори аввал чумхуриро дар мактаби бонуфузи байналмилалии тобистонаи Лондон муаррифи намуд. Ин на танхо дастоварди шахсии мактаббача, балки рамзи афзоиши сифати тахсилоти ватани низ гардид.

Тибки иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, дар барнома Даминов Мухаммадюнус, хонандаи синфи 10-уми Литсей барои хонандагони болаёкати шахри Кулоб иштирок намудааст. Вай аввалин мактаббачаи Точик шуд, ки тавонист ба яке аз бонуфузтарин барномахои таълимии тобистонаи байналмилали интихоб шавад.

Мактаби тобистонаи Лондон хар сол мактаббачагонро аз зиёда аз 80 кишвари чахон чамъ меорад. Дарсхо аз чониби профессорони Донишгоххои пешрафта ва барандагони чоизаи Нобел гузаронида мешаванд. Диккати асоси ба илмхои дакик, математика, физика, биология ва дигар самтхои табиатшиноси равона намуда шудааст.

Иштирокчиён на танхо дониши амик, балки тачрибаи беназири муошират бо олимони чахони, мубодилаи арзишхои фарханги ва васеъ намудани чахонбинии худро низ ба даст меоранд.

Ба акидаи Вазорати маориф ва илми ЧТ, иштироки мактаббачаи точик дар чунин барнома ба шарофати сиёсати пайвастаи давлат дар сохаи рушди сармояи инсони ва дастгирии чавонони болаёкат имконпазир гардид. Он инчунин натичаи кушишхои омузгорон, мураббиён ва тамоми системаи маорифи чумхури мебошад.

– Ин дастовард тасдик мекунад, ки мактаббачагони точик кодиранд кишварро дар сатхи байналмилали бо шаъну шараф намояндаги кунанд, – гуфт вазорат.

Иштироки шахсии Мухаммадюнус дар мухити байналмилалии академи барои у рох ба чомеаи илмии чахони ва барои Точикистон сахифаи нав дар хамгироии таълими ва эътирофи иктидори зиёиёни чавонро боз мекунад.

АКСХО: Хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон

error: