Душанбе, 21 май АИ Караван Инфо. Дар доираи густариши робитахои байналмилалии таълими ва баланд бардоштани харакати академи байни Точикистон ва Федератсияи Россия шартномаи нави хамкори байни муассисаи Давлатии “Маркази барномахои байналмилали” ва Донишгохи Давлатии Кабардино-Балкар ба номи Х.М. Бербеков ба имзо расид.

Созишнома ба тахкими робитахои шарики, чалби донишчуёни точик ба тахсил дар яке аз донишгоххои пешрафтаи Русия, инчунин баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрхо тибки стандартхои байналмилалии таълими равона шудааст.
Зимни маросими имзо директори Маркази барномахои байналмилали Рамазон Одиназода ва проректори Робитахои байналмилалии КБДУ Албина Виндижева таъкид намуданд, ки ин икдом барои рушди хамкорихои устувори академи, густариши дастрасии чавонони точик ба захирахои муосири таълими ва табодули тачриба байни омузгорон ва гуруххои тадкикоти ангеза хохад буд.
Шартнома барои татбики барномахои муштарак, лоихахои илми, тачрибаомузи ва табодули академи байни донишгоххои ду кишвар имкониятхои нав фарохам меорад. Он инчунин як кисми стратегияи васеътари Точикистон оид ба интернатсионализатсияи тахсилоти оли мебошад.
Донишгохи давлатии Кабардино-Балкар ба номи Х.М. Бербеков яке аз кадимтарин ва бонуфузтарин донишгоххои Чануби Русия мебошад, ки бо таърихи бой ва сатхи баланди тайёрии мутахассисон дар сохахои гуногуни илми маъруф аст.
Аксхо: маркази барномахои байналмилали