Камала Харрис: “Мо таслим намешавем ва муборизаро идома медихем” – ИА Караван Инфо
Камала Харрис: "Мо таслим намешавем ва муборизаро идома медихем"

Дар аввалин суханронии оммавии худ пас аз шикаст дар интихоботи президенти, ноиби президенти ИМА ва номзади Хизби Демократ Камала Харрис ба тарафдорони худ мурочиат намуд. Вай дар сахнаи донишгохи Говард, алма-матери худ дар Вашингтон, бо суруди “Freedom” – и Бейонсе, ки маъракаи интихоботии уро хамрохи менамуд, баромад намуд. Харрис гуфт, ки Доналд Трампро бо пирузи табрик гуфт ва аз тарафдоронаш даъват намуд, ки “натичахои ин интихоботро кабул кунанд”.

“Принсипи бунёдии демократияи Амрико дар он аст, ки вакте ки мо дар интихобот маглуб мешавем, мо натичахои онро кабул мекунем “гуфт Харрис ва илова намуд, ки “ба гузариш кумак мекунад” ва интиколи осоиштаи кудратро дастгири мекунад. Вай инчунин хамаро ташвик намуд, ки “оромона рафтор кунанд” ва сарфи назар аз ихтилофхо бо эхтиром муносибат кунанд.

Харрис изхор дошт, ки баъзе “усулхои мубориза” – ро, ки дар ин маърака истифода шудаанд, эътироф намекунад ва таъкид намуд, ки у ният надорад аз принсипхо ва хадафхои худ даст кашад. “Ман хеч гох аз мубориза барои ояндае, ки амрикоихо орзухои худро амали намуда метавонанд, даст намекашам… дар чое, ки занони Амрико дар бораи бадани худ озодона карор кабул мекунанд” гуфт Харрис. Вай ба тарафдоронаш итминон дод, ки мубориза барои озоди, имконият ва адолат ” дар кабинахои овоздихи, судхо ва майдонхои чамъияти” идома хохад ёфт.

Интихобот барои демократхо зарба буд, кайд мекунанд нозирон. Камала Харрис дар иёлотхои калиди шикаст хурд ва хизб дастгирии худро дар байни гуруххои афроамерикои ва латиноамерикои, ки анъанави хамчун пойгохи демократхо хисобида мешуданд, аз даст дод. Илова бар ин, демократхо назорати Сенатро аз даст доданд ва маълум нест, ки кадом хизб Палатаи намояндагонро назорат мекунад.

Чей Ди Вэнс, яке аз шарикони наздики Трамп, дар бораи натичахо изхори назар намуда, пирузии чумхурихохонро “бузургтарин бозгашти сиёси дар таърих” номид.

Аксхо: Drew Hallowell / Getty Images

error: