Москва, 1 августи соли 2025 АИ «Караван инфо». Президенти ИМА Доналд Трамп метавонад ба чоизаи Сулхи Нобел пешбари шавад — хукумати Камбоча бо чунин ташаббус баромад намудааст.

Муовини Сарвазир Сун Чантол дар мусохиба бо Wall Street Journal изхор дошт, ки махз дахолати Трамп ба катъи низоъи мусаллахона дар марз бо Таиланд мусоидат намудааст.
Ёдовар мешавем, ки мохи июл Доналд Трамп хабар дод, ки бо Рахбарони Камбоча ва Таиланд гуфтушунид намудааст ва тахдид намудааст, ки агар онхо амалиёти чангиро катъ накунанд, муносибатхои тичоратии ИМА бо харду кишварро катъ мекунад. Пас аз ин тарафхо ба мулокоти фаври барои мувофика намудани шартхои сулх рози шуданд.
Тавре Сарвазири Малайзия Анвар Иброхим хабар дод, оташбас шаби 29 июл эътибор пайдо намуд. Чонибхо дар бораи кохиши шиддат, аз чумла дар бораи мулокоти фармондехони нохияхои харби ва чаласаи кумитаи муштараки сархади 4 август мувофика намуданд.
Мунокиша 24 июл шиддат гирифт: пас аз тирпаррони зарбахои артиллерия ва авиатсия ба амал омаданд. Камбоча градхо, Таиланд авиатсияро истифода мебурд. На камтар аз 22 нафар кушта шуданд, такрибан 140 нафар захми шуданд, зиёда аз 140 хазор нафар эвакуатсия шуданд.
Аксхо аз манбаъхои кушода