Президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев Дар Саммити Созмони давлатхои турки (ОТГ), ки дар Касри Аютымак Ордо Дар Киргизистон баргузор шуд, иштирок намуд ва Ба Президент Садир Жапаров ва мардуми киргиз барои пазироии гарм изхори сипос намуд. Вай кайд намуд, ки саммит бо 15-солагии ОТГ рост омад ва ахамияти ин руйдодро таъкид намуд.

Токаев натичахои раёсати Казокистонро дар ОТГ, ки бо шиори TURKTIME!, ва дар бораи ташаббусхои калидии кишвар, ба монанди бозихои V Чахонии кучманчиён дар Остона ва тасдики алифбои ягонаи турки накл намуд. Президент инчунин, ахамияти тахкими робитахои тичоратию иктисоди, сармоягузори ва иктидори логистикиро таъкид намуда, ахамияти стратегии “Коридори Миёна”-ро барои рушди иктисодии кишвархои турки кайд намуд.

Токаев пешниход намуд, ки созишнома дар бораи рушди устувори хатсайрхои наклиети имзо намуда шавад ва ташаббуси таъсиси Шурои бонкхои марказиро барои хамохангсозии сиесати молияви истикбол намуд. Хамчунин санади “дар бораи шарики дар сохаи иктисоди раками” ба имзо расид, ки барои таквияти хамкори дар сохаи раками пешбини шудааст ва идеяи мубодилаи шабакахои телевизиони барои ташкили фазои ягонаи иттилооти пешниход намуда шуд.

Президент изхори бовари намуд, ки созишномахои дар саммит кабулшуда имкониятхои хамгироии кишвархои туркиро таквият хоханд дод ва Киргизистонро бо раесати дарпешистодаи ОТГ дар соли 2025 табрик гуфт.

Дар доираи хамоиш рохбарони Озарбойчон, Туркия, Узбекистон, Венрия ва котиби Генералии ОТГ баромад намуданд ва Сарвазири Венгрия Виктор Орбан барои сахмгузори дар тахкими вахдати халкхои турки ба “Ордени Олии сулхи Турки” мушарраф шуд.

Дар натичаи хамоиш хуччатхои мухим ба имзо расиданд, аз чумла Эъломияи Хамоиши 11-уми ОТГ ва “Назари Сабзи чахони турки”, ки ба ояндаи устувор равона шудааст.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Акорда