МОСКВА, 9 сентябри соли 2025 АИ»Караван Инфо». Дар Тотористон форуми Байналмилалии Kazan Digital Week баргузор мешавад, ки беш аз 20 ҳазор иштирокчии қариб 60 давлатро муттаҳид мекунад.
Дар соли 2025 форум аз 17 то 19 сентябр баргузор мешавад ва яке аз бузургтарин рӯйдодҳо дар соҳаи IT-и Русия хоҳад буд.

Дар барномаи тиҷоратӣ тақрибан сад чорабинӣ, аз ҷумла сессияҳо бо иштироки коршиносони пешбари русия ва хориҷӣ эълон намуда шудааст.
Вазири рушди рақамӣ Максут Шадаев қайд намуд, ки дар форум ширкатҳои бузурги IT-и русия ва инчунин роҳбарони самтҳои технологӣ намояндагӣ хоҳанд намуд.
Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинӣ барои муҳокимаи қарорҳои муосири рақамӣ ва равишҳои нав ба ивази воридот ҷой хоҳад дошт.
Илова бар ин, суханрониҳои вазирони профилӣ ва гузаронидани сексияҳои минтақавӣ интизор меравад.
Форуми Kazan Digital Week ҳар сол дар Пойтахти Тотористон баргузор мешавад. Мақсади он рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва мубодилаи корнамудҳои илмӣ – техникӣ мебошад.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода