Казокистон ба баргузории финали Лигаи конфронсхо ва Суперчоми УЕФА даъво дорад – ИА Караван Инфо
Казокистон ба баргузории финали Лигаи конфронсхо ва Суперчоми УЕФА даъво дорад

ОСТОНА, 16 июл АИ «Караван Инфо». Федератсияи футболи Казокистон (КФФ) барои баргузории ду мусобикаи калони футбол дар кишвар — финали Лигаи конфронсхо ва Суперчоми УЕФА дархостхои расми пешниход намуд. Дар ин бора президенти КФФ Марат Омаров хабар дод. Остона ва Алмаато хамчун майдончахо барраси намуда мешаванд.

Казокистон хамчунин изхори омодаги намуд, ки Конгресси УЕФА-ро дар соли 2027 кабул кунад. Холо навсозии фаъоли инфрасохтори футбол идома дорад:”Астана Арена” бо 30 хазор чойи нишаст таъмири асоси гузаронида шуд ва ба категорияи олии чоруми УЕФА мувофикат мекунад. Дар Алмаато навсозии стадиони Маркази (23 хазор тамошобин) ба накша гирифта шудааст.

Гайр аз он, КФФ имконияти ташкили чемпионатхои Наврасони Аврупоро (U-21 ва U-19) барраси мекунад.

Каблан Пойтахти Казокистон аллакай ба Суперкубок даъво намуда буд, аммо аз Будапешт маглуб шуд. Дар хамин хол, дар таърихи УЕФА хануз ягон финал дар алафи сунъи баргузор нашудааст. Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Президенти УЕФА Александр Чеферин ба Казокистон ташриф овард.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: