Санаи 6 феврали соли 2025 дар чараёни чаласаи умумии 14-уми ассотсиатсияи Байналмилалии макомоти зиддикоррупсиони (IAACA) Раиси Агентии Чумхурии Казокистон оид ба муковимат ба коррупсия Асхат Чумагали ба хайати кумитаи ичроияи IAACA, ки макоми рохбарикунандаи ин созмон мебошад, интихоб намуда шуд.

IAACA яке аз сайтхои пешрафтаи чахонии зиддикоррупсиони мебошад, ки зиёда аз 180 агентихои зиддикоррупсиони ва ташкилотхои байналмилалиро муттахид мекунад. Ассотсиатсия дар мусоидат ба ичрои самараноки талаботи Конвенсияи СММ алайхи коррупсия, тахия ва чори намудани воситахои мубориза бо коррупсия, расонидани кумаки техники ва коршиноси, инчунин тахкими хамкори байни идорахои зиддикоррупсиони накши калиди мебозад. “Агентии Муковимат ба коррупсияи Чумхурии Казокистон талошхои IAACA — ро барои пешбурди стандартхои баланди зиддикоррупсиони ва муттахид намудани талошхои байналмилали дар мубориза бо коррупсия баланд арзёби мекунад”, – кайд намуд А.Чумагали.
Дар баробари Казокистон, ба хайати кумитаи ичроия рохбарони макомоти пешбари зиддикоррупсиони, аз чумла комиссияи Мустакили мубориза бо коррупсияи Хонконг, комиссияхои Зиддикоррупсионии Малайзия ва Сингапур дохил шуданд.
Аксхо: Зиддикоррупсияи ЧК