Казокистон барномахои ройгони таълимии зехни сунъиро огоз мекунад – ИА Караван Инфо
Казокистон барномахои ройгони таълимии зехни сунъиро огоз мекунад

Остона, 24 июли соли 2025-АИ «Каравн Инфо». МСРИАП ва Astana Hub дар бораи огози ташаббуси васеи таълими, ки ба омузиши ахолии Казокистон бо технологияхои зехни сунъи равона шудааст, эълон намуданд. Лоиха хамаи гуруххои синну солро аз мактаббачагон то хизматчиёни давлати фаро мегирад.

Дар мохи октябр дар Остона Маркази технологияхои эчодии TUMO барои наврасони 12-18 сола кушода мешавад, ки дар он 11 самти IT таълим дода мешавад. Хамзамон, барномаи Tech Orda, ки аллакай 10 хазор нафарро бо фоизи баланди шугл таълим додааст, фаъолияти худро идома медихад.

Tomorrow School аввалин мактаби ЗС дар кишвар бо системаи беназири омузиши peer – to-peer мебошад, ки дар он донишчуён барномасозиро тавассути хамкори дар лоихахо аз худ мекунанд.

Барои хизматчиёни давлати барномаи махсуси Ai Qyzmet огоз ёфт, ки ба чори намудани асбобхои ЗС ба кори макомоти давлати кумак мекунад. Ва мактаббачагон метавонанд худро дар олимпиадаи Чумхуриявии ЗС нишон диханд, ки бехтарин иштирокчиёни он ба дастаи мунтахаби милли дохил мешаванд.

Сурат: МСРИАП ЧК

error: