Казокистон бо IWF дурнамои рушди варзиши вазнин ва мубориза бо допингро мухокима намуд – ИА Караван Инфо
Казокистон бо IWF дурнамои рушди варзиши вазнин ва мубориза бо допингро мухокима намуд

Вазири сайёхи ва варзиши Чумхурии Казокистон Арабол Мирзабосинов бо президенти федератсияи Байналмилалии варзиши вазнин (IWF) Мухаммад Чалуд Ал-Шаммари ва президенти федератсияи варзиши Вазнини Осиё Мухаммад Юсеф Ал-Мана мулокот намуд. Дар мулокот инчунин, президенти Федератсияи варзиши вазнини Бахрайн Иброхим Исхок ва Раиси Федератсияи варзиши вазнини Казокистон Хочи Хочиев иштирок намуданд. Чонибхо доираи васеи масъалахои марбут ба рушди варзиши вазнин дар Казокистон ва арсаи байналмилалиро барраси намуданд.

Яке аз мавзуъхои асосии мухокима муваффакиятхои варзишгарони казокистони дар мусобикахои Бахрайн ва дурнамои хамкории минбаъда буд. Акидаи таъсиси Чоми Казокистон оид ба варзиши вазнин пешниход намуда шуд, ки тибки накша бояд майдони мухим барои ошкор намудани истеъдодхои нав ва мустахкам намудани мавкеи дастаи мунтахаби милли дар арсаи байналмилали гардад.

Дар вохури ба масъалаи афзоиши шумораи категорияхои вазн барои мардон ва занон дар бозихои Олимпии соли 2028 дар Лос-Анчелес диккати махсус дода шуд. Ин ташаббус, ба андешаи иштирокчиёни вохури, ба баланд бардоштани ракобатпазирии ин намуди варзиш ва фарохам овардани имконияти иштирок ба шумораи зиёди варзишгарон равона шудааст.

Чанбаи мухими мухокима мубориза бо допинг дар варзиши вазнин буд. Чонибхо зарурати идомаи назорати катъи ва такмили барномахои таълимиро оид ба пешгирии допинг дар байни варзишгарон таъкид намуданд. “Дар кишвар беш аз 20 хазор нафар мунтазам бо варзиши вазнин машгуланд. Корхои мактабхои махсуси варзиши-интернатхо барои кудакони болаёкат ва марказхои минтакавии омодасозии захираи олимпи натичахои худро медиханд”, – кайд намуд Ербол Мурзабосинов ва ахамияти кори системавиро оид ба омодасозии варзишгарон ва мубориза бо допинг таъкид намуд. Иштирокчиёни вохури нисбат ба хамкории минбаъдаи судманд ва рушди варзиши вазнин дар сатхи минтакави ва чахони изхори хушбини намуданд.

Аксхо: Вазорати сайёхи ва варзиши ЧК

error: