Вена, 11 июли соли 2025-«АИ Караван Инфо». Дар Вена, Австрия, хайати Казокистон бо сарварии Вазири энергетика Ерлан Аккенженов дар семинари 9-уми Байналмилалии ОПЕК иштирок намуд. Ин чорабинии калидии сохави 22 вазири энергетикаро аз кишвархои ОПЕК ва ОПЕК+, инчунин рохбарони ширкатхои бузурги энергетикии чахон, аз чумла Aramco, Shell, TotalEnergies, BP ва Kuwait Petroleum Corporation чамъ овард.

Иштирокчиёни семинар дар чаласахои Вазирон ва мизхои мудаввари сатхи баланд мавзуъхо, аз кабили амнияти энергетики, рушди иктисоди, дурнамои наздик ва дарозмуддати бозорхои чахонии энергетики, дурнамои афзоиши сармоягузори ба энергетика ва афзалиятхои кишвархои ру ба таракки мухокима намуданд.
Дар ин замина, машварат бо рохбарияти ОПЕК ва шарикони Созишнома дар бораи ичрои созишномахо ва ухдадорихо афзалияти хайати Казокистон гардид.
Яке аз хадафхои асосии семинар ташкили муколама ва тахкими хамкори байни истехсолкунандагон ва истеъмолкунандагони нафт, инчунин сармоягузорон мебошад.
Аксхо: Вазорати Энергетикаи ЧК