Казокистон фавти кудаконро кохиш медихад – ИА Караван Инфо
Казокистон фавти кудаконро кохиш медихад

Дар Казокистон тадбирхои мачмуи оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тибби ба кудакон имкон доданд, ки дар соли 2024 сатхи фавти кудакон 8,3 фоиз ва фавти навзодон 19 фоиз кам намуда шавад.

«Казокистон аввалин ва ягона кишваре дар Осиёи Маркази аст, ки Стандарти ташкили нигохубини навзодонро тасдик намуда, принсипи мухими таносуби хамшираи шафкат ба нигохубини навзодро аз 1 то 1 дар шуъбахои эхёгари мукаррар намудааст», – кайд намуд вазири тандурусти Акмарал Алназарова.

Барои кам намудани нуксонхои модарзоди, ки дар сохтори фавти кудакон чои аввалро ишгол мекунанд, дар 13 минтакаи кишвар 15 «клиникахои якруза» таъсис дода шуда, дар онхо 50 хазор зани хомиладор муоина намуда шуданд.

“Хамаи тадбирхои дар боло зикршуда имкон доданд, ки то охири соли 2024 зиндамонии кудакон аз 88% то 93% афзоиш ёбад ва фавти кудакон аз нуксони модарзоди 15% кам намуда шавад. То охири сол бунёди дармонгоххои якрузаро дар тамоми минтакахо ба итмом расонидан зарур аст», – кайд намуд сардори муассиса.

Сурат: аз манбаъхои кушода

error: