Соли 2025 дар Казокистон шумораи максималии лоихахои саноати дар панч соли охир амали намуда мешаванд, гуфт вазири саноат ва сохтмон. Огози 190 лоиха ба маблаги 1,5 триллион тенге имкон медихад, ки зиёда аз 20 хазор чойхои нави кори таъсис дода шаванд.

Дар кишвар истехсоли хачми иловагии махсулоти кимиёви, масолехи сохтмони ва инчунин истехсоли омехтахои ферри огоз меёбад. Дар давраи аз соли 2025 то 2035 татбики 9 лоихаи калон дар металлургия, мошинсози ва саноати кимиё ба накша гирифта шудааст.
“Лоихахои барчастае ба мисли корхонахои истехсоли автомобилхо, истехсоли охани брикетии гарм, сохтмони корхонаи охангари, комплекси аммиаки-карбамиди, комплекси ганисози-истехсоли барои истехсоли намакхои калий ва комбинати гидрометалли ба кор дароварда мешаванд”, — таъкид намуд вазир.
Барои татбики лоихахои саноати минтакахои махсуси иктисоди ва саноати амал мекунанд, инчунин механизми нави минтакахои хурди саноати чори намуда мешавад. Давлат ба истехсолкунандагони ватани тавассути шартномахои офтейк ва шартномахои дарозмуддат кумак мерасонад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода