ОСТОНА, 23 июл АИ «Караван Инфо». Дар Казокистон бори аввал истехсоли сериявии мембранахои худи барои тозакунии об бо технологияи осмоси баръакс ба рох монда шуд. Лоихаи MEMBRANECO аз чониби ширкати “Экотэк Инжиниринг” дар якчояги бо Satbayev University бо дастгирии Вазорати илм ва тахсилоти олии ЧК амали намуда шуд.

Истехсолот дар худуди МИО «Алатау» чойгир намуда шудааст, партияи аввали махсулот аллакай истехсол шудааст. Мембранахо бо тамгахои RFID барои пайгирии раками мучаххаз намуда шудаанд. Пештар чунин чузъхо аз хорича ворид намуда мешуданд, холо Казокистон махсулоти баландтехнологии худро дорад, алахусус барои минтакахои хушк, ба монанди Мангистау.
Лоиха дар чараени мониторинги ЧДММ “Самрук-Казина Контракт” бахои мусбат гирифт. Дар донишгох таъкид намуда шуд, ки иштирок дар чунин ташаббусхо робитаи илмро бо истехсолот таквият медихад.
Дар оянда корхона васеъ намудани иктидор ва содирот ба кишвархои минтакаро ба накша гирифтааст.
Аксхо: Донишгохи Сатбайев