ОСТОНА, 14 июл – АИ «Караван инфо». Дар Казокистон лоихаи васеи илми-таълимии «QAIST» огоз меёбад, ки ба яке аз донишгоххои пешрафтаи Технологии Осиё институти илм ва технологияи Корея (KAIST) монанд аст. Вазири илм ва тахсилоти оли Саясат Нурбек бо олимон мулокот намуд, ки дар он мархилахои асоси ва стратегияи татбики лоиха мухокима намуда шуданд.

“QAIST” платформаи инноватсиони барои тайёр намудани кадрхо дар сохаи мухандиси, тагйирёбии раками, рушди устувор ва зехни сунъи хохад буд. Вазир дастур дод, ки омодасозии лоиха дар мухлати мукарраршуда бо чалби коршиносони казокистони ва кореяги ба анчом расад.
Пештар дар донишгохи энергетика ва алокаи Алмаато форсайт-сессия баргузор шуда буд, ки дар он роххои мутобиксозии модели KAIST ба вокеиятхои казокистон барраси намуда шуданд. Дар мухокима намояндагони донишгоххои пешрафтаи кишвар, ширкатхои байналмилали, инчунин профессорхои KAIST иштирок намуданд, ки тачриба ва коркардхои илмии худро мубодила намуданд.
Лоихаи “QAIST” барои таквияти хамкории байналмилали ва ба сатхи нав баровардани илми казокистон пешбини шудааст.

Аксхо: ВМТО ЧК