Казокистон пешниход мекунад ки озмоишгохи байналмилалии синтези термоядери таъсис дода шавад – ИА Караван Инфо
Казокистон пешниход мекунад ки озмоишгохи байналмилалии синтези термоядери таъсис дода шавад

Казокистон бо ташаббуси таъсиси озмоишгохи байналмилалии синтези термоядери баромад намуд. Ин пешниход дар нахустин мачлиси вазирони гурухи чахонии энергетикаи термоядери тахти сарпарастии МАГАТЭ садо дод.

Вазири энергетикаи Казокистон Алмасадам Саткалиев ахамияти энергетикаи термоядери барои ояндаи инсониятро таъкид намуд. Ин технология метавонад калиди халли мушкилоти чахони, аз кабили тагйирёбии иклим ва кам шудани манбаъхои анъанавии энергия бошад.

Казокистон аллакай дар сохаи тадкикоти термоядери тачрибаи назаррас дорад. Дар кишвар мачмааи беназири тадкикотии токамаки маводшиносии Казокистон (КТМ) таъсис дода шудааст, ки метавонад барои озмоишгохи ояндаи байналмилали асос гардад.

Казокистон омода аст инфрасохтори илмии худро пешниход кунад ва чомеаи байналмилалиро ба хамкори даъват кунад. Раиси Вазорати Энергетика изхори бовари намуд, ки бо талошхои муштарак метавон дар сохаи энергетикаи термоядери пешрафт намуд ва ояндаи устувори сайёраро таъмин намуд.

Аксхо: Вазорати Энергетикаи ЧК

error: