Муовини Сарвазир Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Мурат Нуртлеу натичахои раёсати Казокистонро дар Созмони давлатхои турки (СДТ) чамъбаст намуд. Ин дар чаласаи Шурои вазирони корхои хоричии СДТ, ки дар Бишкек 6 ноябри соли 2024 дар остонаи Саммити 11-уми Созмон баргузор шуд, рух дод.

Дар давоми раесати Казокистон зиёда аз 80 лоиха ва чорабинихо амали намуда шуданд, ки ба тахкими хамкори байни давлатхои узви СДТ равона намуда шудаанд. Вазири корхои хоричи таъкид намуд, ки Созмон дар арсаи байналмилали накши торафт мухимтар мебозад ва Казокистон дар рушди он сахми назаррас гузоштааст.
Вазири корхои хоричии ЧК дастовардхои кишвархои Узви СДТ-ро дар сохахои гуногун, ба монанди савдо, сармоягузори, наклиёт ва кишоварзи кайд намуд. Вай инчунин самтхои ояндадорро барои хамкории минбаъда дар Доираи Созмон муайян намуд.
Дар чаласаи Шурои вазирони корхои хоричи масъалахои омодаги ба Саммити дарпешистодаи СДТ барраси гардида, лоихахои хуччатхое, ки дар чараёни ин чорабини ба накша гирифта шудаанд, тасдик намуда шуданд.
Аксхо: ВКХ ЧК