Казокистон содироти галларо ба Осиё ва берун аз он афзоиш медихад – ИА Караван Инфо
Казокистон содироти галларо ба Осиё ва берун аз он афзоиш медихад

Коршиносон тахмин менамоянд, ки кишвар метавонад хамасола то 12 миллион тонна галла, аз чумла гандум, чав ва чуворимакка содир кунад.

Чун анъана, Казокистон ба кишвархои Осиёи Маркази ва Афгонистон галла мефиристад. Аммо, дар солхои охир афзоиши содирот ба Чин мушохида мешавад. Соли 2023 интиколи гандуми Казокистон ба Чин кариб 15 маротиба афзуд.

Илова бар ин, Казокистон бозорхои навро фаъолона аз худ мекунад. Хамин тавр, кишвархои Иттиходи Аврупо, ба монанди Италия ва Испания, таваччух зохир мекунанд. Имконияти назаррас барои афзоиши содирот дар кишвархои Шарки Наздик, аз чумла Туркия ва Эрон низ вучуд дорад.

Барои татбики бомуваффакияти иктидори содироти Казокистон як катор чорахоро ба накша гирифтааст. Дар байни онхо рушди инфрасохтори логистики, бехтар намудани сифати галла, инчунин, пешбурди фаъоли махсулоти Казокистон дар бозорхои нав карор дорад. Илова бар ин, ба коркарди амики галла диккати махсус дода мешавад, ки ин ба баланд бардоштани арзиши иловашудаи молхои содироти имкон медихад.

Аксхо: freepik.com

error: