Вазири сайёхи ва варзиши Чумхурии Казокистон Ербол Мирзабосинов бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Мардумии Чин дар ЧК Хан Чунлин мулокоти расми анчом дод. Дар чараёни мулокот чонибхо вазъи кунуни ва дурнамои рушди хамкорихои ду кишварро дар сохахои сайёхи ва варзиш барраси намуда, сатхи баланди хамкори ва динамикаи мусбати рушдро кайд намуданд.

Ба хамкори дар сохаи варзиш диккати махсус дода шуд. Соли 2024 варзишгарони казокистони ва чини дар мусобикахои гуногун, ки дар каламрави харду кишвар баргузор мешаванд, фаъолона иштирок намуданд. Варзишгарони казокистон дар 31 чорабинии варзиши дар Чин ва варзишгарони Чин дар 15 мусобика дар Казокистон ширкат намуданд.
Самти мухими хамкории дучониба сохаи сайёхи боки мемонад. Дар солхои охир маъруфияти шахрхои казокистон, ба монанди Алмаато, Остона, Туркистон ва Актау дар байни сайёхони чини афзоиш ёфтааст. Чори намудани низоми бидуни раводид байни ду кишвар, афзоиши шумораи парвозхои мустаким ва пешбурди фаъоли иктидори сайёхии Казокистон ба афзоиши назарраси нишондихандахо дар соха мусоидат намуд.
Бо супориши сарвари давлат соли гузашта “Соли сайёхии Казокистон дар Чин” ташкил намуда шуд. Бо максади кушодани иктидори сайёхии кишвар, дар шахрхои бузурги Чин зиёда аз 30 чорабини, аз чумла намоишхои рох, форумхо, намоишгоххо, консертхо ва дигар чорабинихо баргузор намуда шуданд. Дар натичаи корхои анчомдодашуда соли гузашта вуруди сайёхон аз Чин ба Казокистон нисбат ба соли 2023 се баробар афзуда, беш аз 650 хазор нафарро ташкил дод. Ин аз таваччухи зиёди шахрвандони чин ба фарханг, таърих ва чозибахои табиии мо шаходат медихад” гуфт Арабол Мирзабосинов.
Соли 2025 Чин соли сайёхиро дар Казокистон эълон намуд, ки ин барои рушди соха такони нав хохад буд. Дар охири мулокот Вазир таъкид намуд, ки Казокистон омода аст, ки барои бомуваффакият гузаронидани тамоми чорабинихо дар доираи соли сайёхи дастгирии хамачониба расонад.
Аксхо: Вазорати сайёхи ва варзиши ЧК