Муовини Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Роман Василенко бо намояндагони сохторхои калидии Иттиходи Аврупо бо максади мухокимаи дурнамои амик намудани хамкории байни Казокистон ва Иттиходи Аврупо, инчунин рушди хамкории минтакави дар Осиёи Маркази як катор вохурихо доир намуд.

Самтхои афзалиятноки хамкори, аз чумла лоихахои наклиёти ва инфрасохтори, рушди устувор, шарикии энергетики ва таъмини занчирхои устувори таъминот мухокима намуда шуданд. Музокирот бо Муовини директори идоракунандаи хадамоти Амалиёти хоричии Аврупо (ESWD) Люк Девин ва сардори кабинети намояндаи Олии сиёсати хоричи ва амнияти ИА Вивиан Лоонел ба масъалахои рузномаи дучониба, аз чумла тахкими муколамаи сиёси ва хамкории иктисоди, инчунин омодаги ба чорабинихои муштараки дарпешистода бахшида шуда буд.
Аз чумла, омодаги ба чорабинихои мухим дар нимсолаи аввал, ба монанди Мачлиси вазирони корхои хоричи Осиёи Маркази – ИА дар Ашкобод, Саммити якуми Осиёи Маркази – ИА дар Самарканд, инчунин форуми Байналмилалии Остона барраси гардид.
Чонибхо барои амиктар намудани хамкорихо дар сохахои аз чихати стратеги мухим ва ояндадор, аз кабили металлхои нодир, энергетикаи сабз ва рушди долонхои наклиёти, аз чумла хатсайри Байналмилалии Транскаспий изхори манфиатдори намуданд.
“Саривактии вохурихои дар Брюссел гузаронидашуда хам бо рузномаи хеле васеи хамкории мо ва динамикаи баланди муносибатхои мо бо ИА, хам бо ташаккули афзалиятхои сиёсати хоричии Комиссияи нави Аврупо ва вазъи зудтагйирёбандаи геополитики вобаста аст”, – кайд намуд Р.Василенко. “Мазмун ва муносибати мусбати гуфтушунидхо ба рушди хамачонибаи хамкорихои мутакобилан судманди мо барои дарозмуддат эътимод мебахшад.”
Аксхо: ВКХ ЧК