Казокистон ва ИКАО рушди авиатсияи “сабз” – ро дар Осиёи Маркази барраси намуданд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва ИКАО рушди авиатсияи "сабз" - ро дар Осиёи Маркази барраси намуданд

Вазири экологияи Казокистон Ерлан Нисанбаев ва директори бюрои Аврупо ва Атлантикаи Шимолии созмони Байналмилалии авиатсияи шахрванди (ИКАО) Николя Ралло масъалахои рушди устувори авиатсия ва хифзи мухити зистро мухокима намуданд. Чонибхо ахамияти хамкорихои байналмилалиро дар ин самт таъкид намуда, омодагии худро барои хамкори изхор намуданд.

Казокистон стандартхои байналмилалии ИКАО-ро барои паст намудани изи карбон дар сохаи авиатсия фаъолона чори мекунад. Кишвар дар механизмхои чуброн ва кохиши партовхои гази карбон дар авиатсияи байналмилали иштирок мекунад. Илова бар ин, ИКАО ба Казокистон кумаки техники мерасонад, барномахои омузиши мегузаронад ва тадкикотро дар сохаи технологияхои авиатсионии экологи дастгири мекунад.

Дар натичаи мулокот чонибхо изхори умедвори намуданд, ки хамкорихои минбаъдаи самарабахш оид ба масъалахои хифзи мухити зист ва чори намудани технологияхои устувор дар сохаи авиатсияи Осиёи Маркази идома хоханд ёфт.

Аксхо: Вазорати экология ва захирахои табиии ЧК

error: