Муовини аввали Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Акан Рахметуллин бо директори навтаъиншудаи кумитаи Ичроияи сохтори Минтакавии зиддитеррористии (РАТС) созмони Хамкории Шанхай Уларбек Шаршеев мулокот намуд.

Чонибхо оид ба масъалахои рушди вазъ дар сохаи таъмини амният ва субот дар минтака мубодилаи афкор намуда, ахамияти татбики натичахои саммити СХШ-и Остонаро, ки 4 июли соли 2024 баргузор гардид, кайд намуданд.
А. Рахметуллин фаъолияти РАТС-ро оид ба хамохангсозии талошхои муштараки давлатхои аъзои СХШ дар муковимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизм баланд арзёби намуд. “Сатхи пешрафтаи шарикии амалии Казокистонро бо кумитаи Ичроия кайд намуд ва дастгирии худро дар кори муштарак, аз чумла дар масъалахои такмили СХШ изхор дошт”, – гуфта мешавад дар хабар.
Мусохибон дурнамои минбаъдаи рушди фаъолияти РАТС-ро, ки ба тахкими амнияти минтакави равона шудааст, барраси намуданд. Пас аз анчоми мулокот А.Рахметуллин У. Шаршеевро бо таъин шуданаш табрик гуфт ва хост, ки дар ин вазифа бомуваффакият кор кунад.
Аксхо: ВКХ ЧК