Муовини аввали Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Акан Рахметуллин бо директори Минтакавии СММ-Занон барои кишвархои Аврупо ва Осиёи Маркази Белен Санс Люке дар доираи нахустин сафари худ ба кишвари мо мулокот намуд.

Чонибхо чанбахои асосии хамкориро, ки ба тахкими баробарии гендери ва тавонмандсозии занон дар Казокистон нигаронида шудаанд, барраси намуданд.
А. Рахметуллин кайд намуд, ки Казокистон баробарии гендериро яке аз самтхои асосии ислохоти сиёси мешуморад ва дар робита ба ин иштироки фаъолона дар равандхои бахшида ба 30-солагии эъломияи Пекин ва платформаи амалро идома медихад. Чонибхо инчунин, натичахои чаласаи баррасии Пекин+30, машваратхои коршиносон оид ба Рузномаи “Занон, сулх ва амният” ва конфронси минтакавии иттиходи Осиёи Маркази оид ба решакан намудани зуроварии гендериро барраси намуданд.
А. Рахметуллин аз татбики лоихахои минтакави дар сохаи сиёсати гендери дастгири намуда, дар айни замон ахамияти пешбурди ташаббусхои казокистонро таъкид намуд. Намояндаи СММ-Занон омодагии худро барои дастгирии минбаъда ва мусоидат ба Казокистон дар татбики рузномаи глобалии гендери кайд намуд. Дар натичаи мулокот чонибхо ба мувофика расиданд, ки шарикиро таквият диханд ва хамкориро дар самтхои афзалиятнок дар доираи рузномаи глобали ва минтакави оид ба баробарии гендери рушд диханд.
Аксхо: ВКХ ЧК