Вазири экология ва захирахои табиии Чумхурии Казокистон Ерлан Нисанбаев бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Казокистон Хайрулло Ибодзода мулокот намуд. Дар чараёни мулокот чонибхо масъалахои мубрами хамкорихои дучонибаро дар сохаи экология, хифзи мухити зист, гуногунии биологи ва тагйирёбии иклим барраси намуда, манфиатдории худро ба рушди минбаъдаи хамкори тасдик намуданд.

Вазир Нисанбаев хамкории судманди байни Казокистон ва Точикистонро дар сохаи экология ва гидрометеорология, аз чумла дар доираи Ёддошти тафохум бо Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Точикистон, ки мохи майи соли 2023 ба имзо расида буд, кайд намуд.
Дар вохури ба рузномаи иклими диккати махсус дода шуд, ки бо эълони соли 2025 соли Байналмилалии хифзи пиряххо вобаста аст. Чониби Казокистон изхори омодаги намуд, ки мубодилаи тачриба дар сохаи экология, хифзи гуногунии биологи ва мубориза бо тагиребии иклимро идома дихад.
Аксхо: Вазорати экология ва захирахои табиии ЧК