Казокистон ва Туркия оид ба масъалахои консули машварат доданд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва Туркия оид ба масъалахои консули машварат доданд

Дар Анкара машваратхои Казокистону Турки оид ба масъалахои консули тахти раёсати директори Департаменти хадамоти консулии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Казокистон Азамат Аубеков ва директори генералии Департаменти хадамоти консулии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Туркия Али Мурат Башчери баргузор шуданд. Дар чорабини намояндагони макомоти салохиятдори ду кишвар низ иштирок намуданд.

Дар машваратхое, ки дар фазои созанда баргузор шуданд, дипломатхо як катор масъалахои консулиро, ки ба хамдигар таваччух доранд, муфассал мухокима намуданд. Аз чумла, масъалахои химояи хукуки шахрвандони Казокистон ва Туркия, васеъ намудани заминаи шартномави-хукуки ва дигар масъалахои мубрам ба миён омаданд.

Иштирокчиёни вохури ахамият ва самаранокии баргузории чунин вохурихоро кайд намуданд, ки ба муносибатхои байни кишвархои бародар такони иловаги мебахшанд ва инчунин имкон медиханд, ки робитахои байни хадамоти консули ва макомоти салохиятдори ду давлат ба таври назаррас таквият дода шаванд.

Дар натичаи мулокот чонибхо омодагии худро барои тахкими минбаъдаи хамкори дар тамоми доираи муносибатхои консули ва идомаи машваратхои дучонибаи консули дар асоси мунтазам тасдик намуданд.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: