Вазири мехнат ва хифзи ичтимоии ахолии ЧК Светлана Жакупова бо мушовири Президенти Узбекистон Мансурбек Оллоёров видеоконфронс гузаронида, тахкими шарикиро дар сохаи сиёсати ичтимои барраси намуд.

Светлана Жакупова дар бораи Кодекси Ичтимоии Казокистон, ки соли 2023 кабул шудааст, накл намуд, ки хукукхои асосии ичтимоии шахрвандонро харитаи Ракамии оила мустахкам мекунад ва навовариро дар бар мегирад. Ин платформа шахрвандонро аз чорахои пешбинишудаи дастгирии давлати огох мекунад ва ба макомоти давлати дар банакшагирии самараноки рушди ичтимоию иктисоди кумак мерасонад.
Дар доираи мулокот инчунин, ташаббусхои консепсияи сиёсати фарогир барои солхои 2025-2030 пешниход намуда шуданд, ки гузариш ба модели ичтимоии маъюби, ислохоти кумаки сурогави ва ичозатномадихии ташкилотхои хизматрасонии ичтимоиро пешбини мекунанд. Чониби Узбекистон ин лоихахоро баланд арзёби намуд ва омодагии худро барои табодули тачриба изхор намуд.
Чонибхо ба мувофика расиданд, ки муколама ва хамкори дар лоихахои мухимро идома диханд. Светлана Жакупова таъкид намуд, ки Казокистон омода аст тачрибаро барои тахкими хамкорихои дучониба дар сохаи хифзи ичтимои мубодила кунад.
Сурат: МТСЗН РК