Тошканд, 20 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Хайати Казокистон бо сарварии муовини вазири экология ва захирахои табии Ч. Алиев дар шахри Тошканд бо рохбарият ва мутахассисони сохторхои давлатии Узбекистон мулокоти кори доир намуд. Максади гуфтушунидхо рушди хамкории дучониба дар сохаи истифодаи осоиштаи энергияи атоми.

Иштирокчиёни вохури масъалахои бехатарии экологи ва радиатсиони, инчунин тайёр намудани кадрхоро барои сохаи атоми мухокима намуданд. Директори Агентии “Узатом” А.Ахмадхачаев кайд намуд, ки табодули тачриба ба харду кишвар имкон медихад, ки технологияхои хастаиро дар энергетика, тиб, кишоварзи ва тозакунии об якчоя пеш баранд.
Муовини вазири экология ва захирахои табиии ЧК Ч. Алиев ахамияти омузиши тачрибаи Узбекистонро барои кам намудани хатархо ва баланд бардоштани самаранокии барномаи рушди энергетикии атоми таъкид намуд.
Чонибхо масъалахои таъмини амнияти радиатсиони ва хастаи, устувории заминларза барои сохтмони НБ , инчунин ташкили системаи муштараки мониторингро барраси намуданд. Дар натичаи мулокот нияти амик намудани шарики барои рушди бехатар ва устувори энергетикаи атоми дар ОсиЁи Маркази тасдик намуда шуд.
Аксхо: Вазорати Экология ва захирахои табиии ЧК