Аз 20 то 23 март хайати Вилояти Оши Киргизистон бо сарварии муовини намояндаи ваколатдори президент Талант Арстанкулов бо сафари кори ба Вилояти мухтори Кухистони Бадахшон (ВМКБ)-и Точикистон ташриф овард. Сафар дар доираи татбики Барномаи хамкори байни ду минтакаи наздисархади, ки 13 март ба имзо расида, барои солхои 2025-2030 пешбини шудааст, сурат гирифт.

Дар чараёни мулокот дар Хоруг Таланти Арстанкулов ва Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот чанбахои асосии хамкориро дар сохахои тичоративу иктисоди ва фарханги барраси намуданд. Ба гуфтаи у, “ин хуччат як кадами мухим дар рушди муносибатхои дучониба аст ва мо итминон дорем, ки татбики барнома натичахои назаррас хохад овард.”
Гайр аз музокироти кори, хайати Киргизистон дар чорабинихои чашни бахшида ба Навруз иштирок намуд, ки дар он чо бо анъанахои фарханги ва варзишии махалли шинос шуд.
Ин сафар кадами навбати дар тахкими робитахои байни Киргизистон ва Точикистон буд, ки манфиати тарафайнро дар рушди хамкорихои наздисархади нишон медихад.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон