Душанбе, 25 ноябр, – АИ Корвон Иттилоот. 20–21 ноябр дар шаҳри Тошканд 11-умин Конфронси байналмилалии илмиву амалии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ баргузор шуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд зиёда аз 150 намояндаи мақомот, коршиносон ва ниҳодҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиён таҷриба ва механизмҳои мубориза бо «се қувваи шарр» — терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро баррасӣ карданд, ки то ҳол ба амнияти минтақавӣ таҳдид мекунанд.
Муовини Дабири кулли СҲШ Пяо Янфан дар суханронии худ зикр намуд, ки Созмон дар таҳкими низоми нави идоракунии глобалӣ, бахусус дар соҳаи амният, нақши муҳим мебозад.
Вай ба тавофуқоти расида дар саммити Тянҷзин (1 сентябри 2025) ишора карда, таъкид намуд, ки консенсуси роҳбарони кишварҳои узв барои муборизаи муштарак бо «се қувваи шарр» заминаи асосии амалҳои минбаъда мебошад.
Муовини Дабири кулл таъкид кард, ки дар шароити имрӯза терроризм ва экстремизм шаклҳои нави киберӣ, иттилоотӣ ва трансмиллӣ касб мекунанд. Барои муқовимати муассир лозим аст:
- рад кардани меъёрҳои дугона;
- ҷилавгирӣ аз густариши идеологияҳои радикалӣ;
- мубориза бо таҳаммулнопазирии динӣ, ксенофобия ва миллатгароии таҷовузкор;
- пешгирии табъизи қавмӣ ва нажодӣ.
Мубориза бояд на танҳо амалиётӣ, балки системавӣ бошад — бо бартарафсозии омилҳои асосие, ки ба паҳншавии экстремизм мусоидат мекунанд.
Иштирокдорони конфронс зарурати таҳкими эътимод миёни кишварҳои СҲШ, тавсеаи муколамаи байнитамаддунӣ, таъмини рушди устувор ҳамчун омили асосии амнияти дарозмуддат, афзоиши ҳамкории байналмилалӣ бо нақши марказии СММ -ро таъкид карданд.
Конфронси 11-уми РАТС дар Тошканд нишон дод, ки кишварҳои СҲШ дар роҳи таҳкими механизмҳои амниятӣ ва мутобиқсозии онҳо ба таҳдидҳои муосир қадамҳои устувор мегузоранд. Созмони ҳамкорӣ ба ташаккули меъмории нав ва устувори амниятӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
ФОТО: АМИТ «ХОВАР»
