Раиси Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон Генерал-полковник Рачабали Рахмонали 7 август дар мулокоти кории рохбарони сохторхо оид ба ХФ Кишвархои Осиёи Маркази, ки дар Алмаато (Казокистон) баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора маркази матбуотии КХФ хабар медихад.

Дар вохури иштирок намуданд:
- Вазири Холатхои фавкулодаи Казокистон Генерал-майор Чингис Аринов,
- Вазири ХФ Чумхурии Киргизистон Генерал-майор Бообек Ажикеев,
- муовини якуми Вазири ХФ Узбекистон полковник Санжар Зупаров,
- раиси КХФ Точикистон Генерал-полковник Рачабали Рахмонали
Чаласа дар маркази Холатхои фавкулодда ва кам кардани хатари офатхои табии баргузор гардид. Мавзуи марказии мулокот муаррифии Фаъолияти Марказ ва мухокимаи эхтимоли пайвастани Точикистону Узбекистон ба барномахо ва ташаббусхои он буд.
Дар чараёни муколама иштирокчиён тадбирхои тахкими хамкории минтакавии идорахои начотдихи, табодули тачриба, гузаронидани машкхои муштарак ва тахияи протоколхои мувофикашудаи вокунишро барраси намуданд.
Ба окибатхои тагйирёбии иклим, ки хатари офатхои табииро афзоиш медихад, диккати махсус дода шуд.
Баромадкунандагон зарурати хамохангсозии кушишхоро барои пешгирии саривакти ва самаранок бартараф намудани окибатхои холатхои фавкулодда таъкид намуданд.
Хамаи иштирокчиён якдилона кайд намуданд, ки рушди устувори Кишвархои Осиёи Маркази бидуни хамкории зичи минтакави ва байналмилали гайриимкон аст.
Ба гуфтаи вазири ХФ Казокистон Чингиз Аринов: “Тахкими хамкории минтакави дар сохаи пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда омили асосии таъмини амният ва рушди устувор дар минтака мебошад. Казокистон ба Марказ дастгири мекунад, технология ва тачрибаро мубодила мекунад ва омода аст, ки ба хамгироии Узбекистон ва Точикистон ба системаи умумии кохиши хатари офатхо мусоидат кунад.
Дар назар аст, ки лоихахои муштарак дар самтхои зерин васеъ намуда шаванд::
- истифодаи технологияхои муосири мониторинг,
- ташкили системаи ягонаи иттилооти,
- баланд бардоштани иктидори хадамоти вокуниши милли.
Аксхо: НИАТ”Ховар”