ОСТОНА, 16 май АИ Караван Инфо. Дар Узбекистон нашри ду асари барчастаи адабиёти казок ба забони узбеки ба накша гирифта шудааст. Ин роман-эпопеяи Мухтор Ауэзов “Рохи Абай” ва “Рузномаи Кумондон” Бауиржан Момишули мебошад. Дар ин бора раиси Шурои адабиёти казокии назди Иттифоки нависандагони Узбекистон Турсинали Ахметов хабар дод.

Ба гуфтаи у, кор дар тарчума аллакай огоз шудааст. Диккати махсус ба нигох доштани кудрати бадеии аслхо ва расонидани умки андешахои муаллифон ба аудиторияи нав равона намуда шудааст.
Китоби Момышули ба хонандагони узбек имкон медихад, ки дар бораи кахрамони ва тачрибаи низомии сарфармондехи афсонавии казок наздиктар маълумот гиранд ва тарчумаи нави “Рохи Абай” ба 180-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абай Кунанбоев, ки дар Узбекистон ба таври васеъ чашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.
Шомхои адаби, озмунхои шеъри ва нашрхои нав ба накша гирифта шудаанд, ки хадафи онхо тахкими робитахои фарханги ва таъкид намудани арзишхои умумии маънавии халкхои Осиёи Маркази мебошад.
Аксхо: Шурои адабиёти казок