Клуби баскетболи "Самара" дар бораи муфлисшави огохинома дод
Клуби баскетболи “Самара”, ки дар лигаи Ягонаи ВТБ бози мекунад, расман дар бораи муфлисшави огохинома дод. Директори генералии клуб Камо Погосян хабар дод, ки муфлисшави метавонад дар давоми 30 руз ба амал ояд, аммо имконият барои халли масъала ва халли вазъ бо рохбарияти минтака вучуд дорад.

Илова бар ин, дар хафтахои охир якчанд бозингарони хоричи дастаро тарк намуданд, ки бо онхо шартномахо бо ризоияти тарафайн катъ намуда шуданд. Дар айни замон, Самара дар чадвали мусобикахои мунтазами чемпионати лигаи Ягонаи ВТБ чои 11-умро ишгол мекунад ва дар 27 бози 34 хол ба даст овардааст.
Аксхо: аз манбаъхои кушода