МОСКВА, 8 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Пхенян паради бузурги низомӣ ба муносибати 80-солагии таъсиси ҳизби Меҳнатии Корея (ҲМК), ки санаи 10 октябр ҷашн гирифта мешавад, интизор меравад. Дар ин бора расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ бо истинод ба манбаъҳои вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Тибқи маълумоти онҳо, аз охири моҳи август дар минтақаи аэродроми Мирим, ки анъанавӣ ҳамчун майдони омӯзишӣ истифода мешавад, ҷамъоварии зиеди ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техника сабт намуда мешавад. Шумораи ҳайати шахсӣ ва мошинҳо афзоиш меёбад, ки ин аз омодасозии ҷашни бузург шаҳодат медиҳад.
Дар байни тачхизоти сабтшуда — ракетахои сайёр мебошанд, ки ин аз имкони-яти намоиш додани ракетахои баллистикии байникитъавй шаходат медихад. Таҳлилгарони Кореяи Ҷанубӣ эътироф мекунанд, ки дар парад як таҳияи нави — «Хвасон-20» низ метавонад пайдо шавад, ки чанде пеш расонаҳои Кореяи Шимолӣ дар робита ба сафари Ким Чен Ин ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мушакӣ ёдовар шуданд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки дар КНДР парадҳои ҳарбӣ одатан дар панҷ сол як маротиба, дар санаҳои ҷашнӣ баргузор мешаванд ва соли ҷорӣ бо ин анъана мувофиқат мекунад.
Пас аз маршҳои тантанавии москва ва пекин дар соли 2025, ҷомеаи ҷаҳонӣ омода аст, ки боз як намоиши қувваро бубинад-ҳоло дар пойтахти Кореяи Шимолӣ.
Ҷашни ҳизби Меҳнатии Корея яке аз ҷашнҳои асосии давлатӣ дар ҶУМҲУРИИ Халқии Демократии Корея мебошад. Парадҳои низомӣ дар Пхенян одатан на танҳо барои нишон додани қудрати низомӣ, балки ҳамчун сигнал ба ҷаҳони беруна дар бораи устувории сиёсӣ ва иқтидори низомии кишвар истифода мешаванд.
Аксҳо: РГ