Остона, 26 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Комиссияи тафтиши садамаи ҳавопаймои Ширкати ҳавопаймоии Azerbaijan Airlines, ки 25 декабри соли 2024 дар наздикии Актау рух дод, интизори анҷоми як қатор экспертизаҳои калидӣ мебошад. Барои муайян намудани сабабҳои фоҷиа, натиҷаҳои таҳқиқоти кассетаи компютери Марказӣ ва ҳисобот оид ба таҳлили арзёбии хатарҳои парвоз дар минтақаҳои низоъ заруранд, хабар медиҳад Вазорати нақлиети ҶҚ.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи садамаи ҳавопаймоӣ 38 нафар ҳалок ва 29 нафар захмӣ шуданд.
Дар доираи тафтишот экспертизаҳои трасологӣ, баллистикӣ ва дигар экспертизаҳо гузаронида шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои онҳо, ягон нишонаи маводи тарканда ошкор намуда нашудааст, аммо осеби ҳавопаймо метавонад аз “элементҳои зараррасони қисми ҷангӣ” ба вуҷуд ояд, ки мансубияти онро муайян намудан ғайриимкон аст.
“Ҳама хулосаҳо объективӣ хоҳанд буд, танҳо ба далелҳо асос ёфтаанд” – вазорат гуфт. Ҳисоботи ниҳоӣ дар Вебсайти Вазорати Нақлиёт нашр намуда мешавад.
Дар кори комиссия намояндагони Озарбойҷон, Русия, Бразилия ва нозири ИКАО иштирок мекунанд.
Аксҳо: freepik / wirestock
