Душанбе, 11 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Забони русӣ ва адабиёт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» оғоз ёфт. Дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия ширкат доранд.

Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар суханронии худ таъкид кард, ки соҳаи маориф дар ҳамкории Тоҷикистону Русия нақши калидӣ дорад.
Ба гуфтаи ӯ, «ба шарофати сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти Тоҷикистон, ки омӯзиш ва истифодаи забони русиро фаъолона дастгирӣ мекунад, фазои ягонаи фарҳангиву забонӣ ҳифз ва густариш меёбад».
Сафир зикр намуд, ки Президентҳои ҳар ду кишвар — Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон — борҳо аҳаммияти маорифро ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид кардаанд.
«Фазои ягонаи забонӣ ва имкони муоширати мустақим кафолати рушди минбаъдаи дӯстӣ миёни Русия ва Тоҷикистон мебошад», — гуфт Григорев.
Ин конференсия, ки барои дувумин бор баргузор мегардад, ба яке аз минбарҳои муҳими минтақавӣ дар соҳаи омӯзиши забони русӣ ва адабиёт табдил ёфтааст.

Ҳадафи асосии он — таҳкими ҳамкории илмӣ ва таълимӣ миёни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар заминаи русшиносӣ ва омӯзгории муосир мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш масоили усулии таълими забони русӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва таҳияи барномаҳои нави таълимӣ баррасӣ мешаванд.
Омӯзгорон аз донишгоҳҳои пешсафи Русия — Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, МГИМО, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ва дигарон — як қатор мастер-классҳо баргузор менамоянд. Онҳо ба усулҳои муосири таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ бахшида шудаанд.
Ҳамчунин, дар мизи гирд масъалаҳои таҳияи китобҳои дарсии нав ва мутобиқсозии онҳо ба шароити замони рақамӣ муҳокима мешаванд.
Баргузории чунин ҳамоиш дар Душанбе нишон медиҳад, ки забони русӣ то ҳол унсури муҳимми ҳамбастагии фарҳангӣ ва илмӣ дар фазои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.
Ин забон воситаи муҳими муошират, табодули таҷриба ва пойдории робитаҳои таърихиву фарҳангии кишварҳои минтақа бо Русия мебошад.
АКС: аз манбаъҳои боз
