Кумитаи рушди сайеҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори рӯзи Байналмилалии сайеҳӣ (27 сентябр) озмунро аз рӯи номинатсияҳои зерин эълон менамояд: “Беҳтарин ширкати сайеҳӣ”, “Беҳтарин меҳмонхона”, “Беҳтарин тарабхона”, “Беҳтарин роҳнамо”, “Беҳтарин блогер дар соҳаи сайеҳӣ”. Дар ин бора маркази Матбуотии Кумита хабар медиҳад.

Озмун бо мақсади рушди сайеҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайеҳӣ ба журналистон, блогерҳо, ҷалби коршиносони мустақил барои таблиғи васеи имкониятҳои сайеҳӣ дар сайтҳои мустақил, васеъ кардани хизматрасонӣ дар соҳаи сайеҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ гузаронида мешавад.
Дар ҳар як номинатсия 3 ҷоиза муайян карда мешавад, ғолибон бо дипломҳо ва ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКСҲО аз манбаъҳои кушода