Вазири корхои хоричии Русия Сергей Лавров кадамхои аввал ва изхороти Президенти ИМА Доналд Трампро пас аз ба кор шуруъ намуданаш шарх дод. Лавров кайд намуд, ки тахдидхои Трамп, ба монанди чори намудани бочхо барои кишвархои БРИКС ва баромадан аз як катор созишномахои байналмилали, нишон медиханд, ки маъмурияти нав манфиатхои ИМА-ро дар арсаи чахони чи гуна таргиб хохад намуд.

“Аён аст, ки ин нишондихандаи он аст, ки президент Трамп ва маъмурияти у бо кадом усулхо ният доранд манфиатхои Иёлоти муттахидаро дар арсаи чахони пеш баранд”, — изхор дошт Лавров дар нишасти матбуоти бо Вазири корхои хоричии Арманистон Арарат Мирзоян.
Ба гуфтаи вазир, таваччухи Вашингтон дар арсаи чахони, новобаста аз он ки ки президент демократ ё чумхурихох аст, тагйир намеёбад. Вазифаи асосии ИМА хамеша мустахкам намудани мавкеи худ ва бартарии худ нисбат ба ракибон боки мемонад. Лавров инчунин таъкид намуд, ки Трамп на танхо ба кишвархои БРИКС тахдид намуд, ки 100% боч чори мекунад, балки фармони хуручи ИМА аз созмони умумичахонии тандурусти ва созишномаи Париж оид ба иклимро имзо намуд.
Ин амалхо, ба андешаи Лавров, идомаи сиёсати ИМА-ро, ки ба расидан ба бартарии стратеги дар масъалахои байналмилали равона шудааст, тасдик мекунанд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти ВКХ Русия