Лоиҳаи роҳсозӣ дар Бадахшон: Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи байналмилалии FIDIC-2025 гардид – ИА Караван Инфо
Лоиҳаи роҳсозӣ дар Бадахшон: Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи байналмилалии FIDIC-2025 гардид

Душанбе, 16 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Лоиҳаи сохтмони роҳҳо ва пулҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 овард. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Лондон, Британияи Кабир ва дар доираи Конфронси байналмилалии FIDIC International Contract Users’ баргузор шуд.

Ин ҷоиза ба лоиҳаи мазкур дар номинатсияи «Лоиҳаи сол» дода шуд. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки ғолибони FIDIC Contract Users’ Awards-2025 дар панҷ номинатсия муайян гардиданд: «Лоиҳаи сол», «Фармоишгори сол», «Пудратчии сол», «Тренери сол» ва «Ширкати ҳуқуқии сол».

Мақсади асосии ҷоиза эътирофи дастовардҳои барҷаста дар татбиқи стандартҳои FIDIC ва таъсири онҳо ба беҳбуди шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Сохтмони роҳҳо ва пулҳо дар Бадахшон баҳои баланд гирифт, зеро пурра ба панҷ принсипи «тиллоӣ»-и FIDIC мутобиқ буд. Лоиҳа меъёрҳои миллиро бо кодексҳо ва принсипҳои байналмилалии FIDIC муттаҳид карда, сатҳи устувор, бехатар ва мутобиқ ба тағйирёбии иқлимро таъмин намуд.

Ҷоизаи мазкур таърихӣ арзёбӣ мешавад: Тоҷикистон аввалин давлати Осиёи Марказӣ аст, ки соҳиби FIDIC International Contract Users’ Awards гардид. Пештар аз кишварҳои ИДМ танҳо Федератсияи Русия соли 2016 ин мукофотро ба даст оварда буд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: