Мачлиси намояндагон тагйироти калидиро дар конунхо дар бораи маориф ва хочагихои дехкони барраси намуд – ИА Караван Инфо
Мачлиси намояндагон тагйироти калидиро дар конунхо дар бораи маориф ва хочагихои дехкони барраси намуд

Душанбе, 13 июн, АИ «КараванИнфо». Имруз тахти раёсати Файзали Идизода чаласаи навбатии ичлосияи якуми Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон даъвати хафтум баргузор гардид. Дар чараёни чаласа вакилон ташаббусхои мухими конунгузориро, ки ба навсозии сохаи маориф ва кишоварзии кишвар равона шудаанд, барраси намуданд.

Лоихахои тагйиру иловахо ба Конунхои Чумхурии Точикистон ба рузнома дохил намуда шуданд:

“Дар бораи маориф”,

“Дар бораи тахсилоти иловаги”,

“Дар бораи хочагии дехкони (фермери)”.

Ташаббусхо ба такмили заминаи конунгузори тибки вокеиятхои кунунии ичтимоию иктисоди ва афзалиятхои давлати дар сохаи маориф ва сиёсати аграри равона намуда шудаанд.

Дар мухокима Вазири маориф ва илм Рахим Саидзода, муовини аввали Раиси кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Диловар Пирзода, Раиси кумитаи аграрии мачлиси намояндагон Рустам Латифзода, инчунин аъзои кумитаи парлумони оид ба илм, маориф, фарханг ва сиёсати чавонон Асадулло Начмиддиниён ва Чамила Мусочонзода иштирок намуданд.

Хамаи тагйироти пешниходшуда бодиккат тахлил намуда шуда, пас аз он карорхои дахлдор кабул намуда шуданд. Навсозии конунгузори барои таъмини дастгирии хукукии чандиртар ва самараноктар дар масъалахои рушди стандартхои таълими ва устувории хочагихои дехкони пешбини шудааст.

АКСХО: мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

error: