Махсулоти аз чихати экологи тозаи хочагии кишлоки Точикистон дар намоишгохи “Хафтаи Байналмилалии сабз-2025” муаррифи шудааст – ИА Караван Инфо
Махсулоти аз чихати экологи тозаи хочагии кишлоки Точикистон дар намоишгохи "Хафтаи Байналмилалии сабз-2025" муаррифи шудааст

Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон дар якчояги бо идорахо ва ташкилотхои профили дар намоишгохи “Хафтаи Байналмилалии сабз”, ки дар шахри Берлин, Чумхурии Федеративии Олмон баргузор мегардад, иштирок мекунад.

Дар намоишгох махсулоти кишоварзии аз чихати экологи тоза, молхои саноати хуроквори, экспонатхо аз гушахои зебои Точикистон, намунахои эчодиёти халки, инчунин маводхои иттилооти дар бораи имкониятхои сармоягузори ба мачмааи агросаноати, иктидори кишоварзии экологи ва иктидори сайёхии кишвар пешниход намуда мешаванд.

Ташкили стенди миллии Точикистон дар “Хафтаи Байналмилалии сабз-2025” ба шарофати хамкории Вазорати кишоварзи бо Сафорати Чумхурии Точикистон дар Олмон имконпазир гардид.

Дар доираи намоишгох бо ташаббуси вазорати Федералии Озукавори ва кишоварзии Олмон аз 15 то 18 январи соли 2025 Форуми Глобалии озукавори ва кишоварзи баргузор шуд. Дар чорабини намояндагони зиёда аз 60 кишвари чахон, такрибан 2000 сиёсатмадор, олимон, сохибкорони муваффак ва намояндагони чомеаи шахрванди иштирок намуданд.

Форуми соли 2025 бо шиори “Кишоварзи хамчун биоиктисодиёти устувор” баргузор шуд. Иштирокчиён роххои тахкими системаи озукавории сайера, такмил додани занчирхои таъминотро бо назардошти мушкилоти чахони, аз кабили тагйирёбии иклим ва масъалахои мубрами амнияти озукавори барраси намуданд.

“Хафтаи сабзи байналмилали” як майдони мухими чахони барои пешбурди молхо, баркарор намудани робитахои тичорати ва табодули тачриба мебошад. Иштироки Точикистон имкон медихад, ки сарвати бахши миллии аграри намоиш дода шавад ва байни истехсолкунандагони ватани ва намояндагони сохторхои давлати ва хусуси дар сохаи кишоварзи робитахо ба рох монда шаванд.

Форуми чахони ва намоишгохи “Хафтаи Байналмилалии сабз-2025” то 26 январи соли 2025 дар шахри Берлин идома меёбад.

Аксхо: Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон

error: