“Майдони марг”: низомиеёни исроили ба катли фаластиниёни бесалох дар назди нуктахои кумак икрор шуданд – ИА Караван Инфо
"Майдони марг": низомиеёни исроили ба катли фаластиниёни бесалох дар назди нуктахои кумак икрор шуданд

Москва, 02 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Дар пасманзари фочиаи гуманитари дар Газза, рузноманигорони исроилии нашрияи Haaretz эътирофи ошкоро аз сарбозони САХАЛРО, ки дар минтакахои таксимоти кумаки башардустона хидмат менамуданд, нашр намуданд. Маълум шуд, ки чанговарон касдан ба суи фаластиниёни бетиру камон, ки интизори хурок буданд, оташ кушоданд.

Ба гуфтаи онхо, фармонхо барои шикасти издихом аз боло баромада, бе тардид ичро мешуданд. “Шакли хамкории мо тирпаррони аст”, – изхор дошт яке аз хизматчиёни харби.

Вай кайд намуд, ки хар руз дар навбатдори аз як то панч нафар кушта мешуданд. Дар чои ходиса, ба гуфтаи у, гази ашковар ё воситахои марговар истифода нашудаанд. Танхо пулемётхо, миномётхо, гранатахо.

Яке аз пурсидашудагон таъкид намуд: хеч яке аз фаластинихо муковимат накарданд, онхо дар даст силох надоштанд. “Онхо танхо мехостанд хурок бихуранд — ва барои ин онхо зери оташи танкхо ва снайперхо карор гирифтанд”, — хулоса намуд у.

Тибки Маълумоти Haaretz, аз огози амалиёт дар нуктахои кумаки башардустона на камтар аз 550 фаластинии осоишта кушта ва зиёда аз 4000 нафари дигар захми шуданд. Гуфта мешавад, ки тирпаррони танхо бо огози таксимоти расмии хурок хамчун як навъ сигнал катъ намуда мешавад: акнун шумо метавонед барои пайк наздик шавед.

Ин эътирофхо ба амалияи фочиабор ва берахмона, ки созмонхои байналмилалии хукуки башар каблан онро зуроварии касдан алайхи ахолии осоишта номида буданд, равшани меандозанд.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: