Хюстон, 22 апрели соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар чемпионати бонуфузи мухандисии мактаби First Championship 2025 дар Хюстон, дастаи мунтахаби Казокистон натичахои назаррас нишон дода, дар як вакт шаш чоизаро дар категорияхои гуногуни синну сол ба даст овард.

Дастаи PID аз НИШ ХБН шахри Алмаато бори аввал дар таърихи кишвар ба финали мусобикахои категорияи калонтар баромад ва ду чоиза гирифт: Motivate Award Winner ва Division Finalist Award. Дастаи CRISTABOL аз НИШ ФМН шахри Алмаато ба чоизаи асосии доварон INSPIRE Award сазовор гардид.
Дар категорияи миёна, дастаи Skillset аз Остона дар номинатсияи Champions Award финали шуд ва дастаи RASSLEXX аз Караганда дар категорияи Coopertition award Winner голиб омад. Дар категорияи хурд, дастаи Atlantis аз Павлодар чоизаи Team model award-ро гирифт.
Рохбари ОФ Ustem Foundation Асилбек Мурзахметов кайд намуд, ки сарфи назар аз иштироки нисбатан нав дар чемпионат, мактаббачахои казокистони аллакай бо дастахои дорои тачрибаи бисёрсола ракобати чидди доранд. Натичахои бадастомада барои Казокистон дар ин мусобикаи чахони рекорди мебошанд.
Аксхо: Вазорати Маорифи ЧК