Мархилаи нави хамкории авиатсиони: Душанбе ва Пекин парвози мустакимро мепайвандад – ИА Караван Инфо
Мархилаи нави хамкории авиатсиони: Душанбе ва Пекин парвози мустакимро мепайвандад

Душанбе, 14 июн, АИ «Караван Инфо». Аз санаи 16 июни соли 2025 байни пойтахтхои Точикистон ва Чумхурии Мардумии Чин — Душанбе ва Пекин парвозхои мустакими мунтазами мусофирбари огоз мегардад. Тибки иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, парвозхо хафтае ду маротиба — рузи сешанбе ва шанбе — аз чониби Ширкати Хавопаймоии China Southern Airlines анчом дода мешаванд.

Ин хатсайр дар доираи татбики курси сиёсати хоричи ва ташаббуси стратегии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон, ки ба тахкими хамкорихои бисёрсохави бо Чумхурии Мардумии Чин, аз чумла сохаи авиатсияи шахрванди равона шудааст, кушода шуд.

Таъсиси пули хавои байни Душанбе ва Пекин бо шарофати созишномахое, ки Дар чараёни сафари давлатии Раиси Чумхурии Халкии Хитой Си Чинпин ба Точикистон дар мохи июли соли 2024 ба даст омадаанд, имконпазир гардид. Он вакт яке аз мавзуъхои асосии мухокима густариши алокаи хавои байни ду кишвар буд.

Пас аз сафар, мохи марти соли 2025 Хайати идораи авиатсияи граждании ЧХХ ба Точикистон ташриф овард. Дар доираи гуфтушунидхо байни рохбарияти идорахои авиатсиони ва намояндагони ширкати Хавопаймоии China Southern Airlines чузъиёти техники ва ташкилии огози парвозхои мустаким мувофика намуда шуданд.

Алокаи мустакими хавои байни Душанбе ва Пекин на танхо рохати мусофирон, балки сахми мухим дар рушди иктисодиёт, сайёхи, илму маориф, инчунин тахкими робитахои фарханги ва гуманитари байни халкхои ду кишвар мебошад.

Точикистон сиёсати “дархои кушода” – ро пеш бурда, чугрофияи авиатсионии худро пай дар пай васеъ мекунад. Дар солхои охир парвозхои мустаким аз Душанбе ба Истамбул, Дубай, Москва, Алмаато, Тошканд, Дехли ва Техрон огоз гардида, иктидори транзитии кишварро таквият дода, накши онро хамчун пайванди мухими Шарку Гарб таквият бахшиданд.

Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон таъкид менамояд, ки рушди алокаи хавопаймоии байналмилали яке аз афзалиятхо боки мемонад. Дар оянда идомаи хамкории фаъол бо ширкатхои хавопаймоии чахони, васеъ намудани шабакаи хатсайрхо ва фарохам овардани шароити барохаттар барои шахрвандон ва мехмонони кишвар ба накша гирифта шудааст.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: