Душанбе, 11 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Рӯзи 4 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ба донишҷӯён имконият дод, ки бо дониши назариявӣ ва амалӣ дар соҳаи молия шинос шаванд.

Дар доираи олимпиада аввалин маротиба маҳсулот ва хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба намоиш гузошта шуданд. Намояндагони бонкҳо ба иштирокдорон маълумоти муфассал оид ба маҳсулотҳои қарзӣ, намудҳои пасандозҳо, барномаҳои мобилии бонкӣ ва кортҳои пластикӣ пешниҳод карданд. Аз ҷумла, Амонатбонк низ фаъолона иштирок намуда, ҷанбаҳои гуногуни фаъолият ва хизматрасониҳои бонкии худро муаррифӣ намуд.
Иштирокдорон имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро дар бораи хизматрасониҳои қарзӣ ба намояндагони бонкҳо пешниҳод кунанд ва ҷавобҳои мушаххас дарёфт намоянд. Ин раванд на танҳо дониши молиявии донишҷӯёнро афзун намуд, балки дониши умумии аҳолиро дар соҳаи идоракунии маблағ ва пасандозҳо таҳким бахшид.

Ташкил ва баргузории чорабиниҳои маърифатию молиявӣ ва намоиши хизматрасониҳои бонкӣ заминаи мусоид барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, густариши истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ ва рушди фарҳанги пулу пасандоз дар кишвар фароҳам меорад. Ин иқдом ҳамчунин равиши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бонкҳо ва сохторҳои давлатӣ барои тарбия ва омода намудани мутахассисони ояндаро дар соҳаи молия тақвият мебахшад.
АКС: ҶСК “Амонатбонк”
