Маросими имзои санадхои нави хамкори байни Чумхурии Точикистон ва Мугулистон – ИА Караван Инфо
Маросими имзои санадхои нави хамкори байни Чумхурии Точикистон ва Мугулистон

Душанбе, 25 июл, АИ «Караван инфо».  Пас аз анчоми гуфтушунидхо дар сатхи Олии Точикистон ва Мугулистон дар Касри миллат бо иштирок ва хузури сарони давлатхо маросими имзои санадхои нави хамкори баргузор гардид.

Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Мугулистон Ухнаагийн Хурэлсух изхороти Муштараки Чумхурии Точикистон ва Мугулистонро дар бораи рушду тахкими минбаъдаи муносибатхои дустона ва хамкорихои гуногунчанба имзо намуданд.

Хамчунин 10 санади нави хамкори ба имзо расид:

  • Ёддошти тафохум дар бораи хамкори байни Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва Вазорати корхои хоричии Мугулистон;   
  • Ёддошти тафохум байни Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон ва Вазорати энергетикаи Мугулистон дар бораи хамкори;
  • Ёддошти тафохум байни Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон ва Вазорати озукавори, кишоварзи ва саноати сабуки Мугулистон дар бораи хамкори дар сохаи кишоварзи;
  • Ёддошти тафохум байни Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Вазорати фарханг, варзиш, сайёхи ва чавонони Мугулистон дар бораи хамкори дар сохаи сайёхи;
  • Ёддошти тафохум байни Агентии инноватсия ва технологияи ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон ва Вазорати рушди раками, инноватсия ва алокаи мугулистон дар сохаи ракамикунони;
  • Ёддошти тафохум дар сохаи пешгири ва рафъи холатхои фавкулодда байни агентии давлатии Холатхои фавкулодаи Мугулистон ва Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон;
  • Ёддошти тафохум дар сохаи хамкории илми ва технология байни академияи Миллии илмхои Точикистон ва Академияи илмхои Мугулистон;
  • Ёддошти тафохум байни чамъияти Саххомии кушода “марказхои Тасдиккунанда, хидматхои давлати ва тахияи барномахои раками” ва “Академияи E-Mongolia”;
  • Ёддошти тафохум байни Маркази тадкикоти стратегии назди Президенти Чумхурии Точикистон ва институти миллии тадкикот дар сохаи амнияти Мугулистон;       
  • Ёддошти тафохум дар бораи хамкори байни Муассисаи Давлатии “Осорхонаи Миллии Точикистон” – и Дастгохи Ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон ва осорхонаи Миллии Мугулистон.

Пас аз анчоми маросими имзои санадхои нави хамкори сарони давлатхо Эмомали Рахмон ва Ухнаагин Хурэлсух барои доираи васеи рузноманигорон нишасти матбуоти доир намуданд.

Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: