Муовини раиси хучраи вазирони Киргизистон, Раиси кумитаи давлатии амнияти милли Камчибек Ташиев изхор дошт, ки масъалаи марз бо Точикистон дар давоми як мох хал хохад шуд. Дар ин бора у дар назди Сокинони Вилояти Баткен суханрони намуд.

Ба гуфтаи Ташиев, лоихаи созишнома дар бораи делимитатсияи сархад фардо ба кумитаи дахлдори Жогорку Кенеш (парлумони Киргизистон) ворид намуда мешавад. Пас аз барраси ва тасдики парлумон, ин санадро президентхои ду кишвар имзо мекунанд. Сипас созишнома барои тасдик дубора ба парлумон фиристода мешавад, ки пас аз он президентхо конуни дахлдорро имзо мекунанд ва созишнома эътибор пайдо мекунад.
“Ин кор дар давоми як мох ба анчом мерасад”, — таъкид намуд Ташиев.
Ёдовар мешавем, ки Киргизистон ва Точикистон рузи 21 феврал дар бораи сархади давлати ба созишномаи таърихи расиданд.
Хуччати делимитатсияи сархади Киргизистон ва Точикистон дар Бишкек аз чониби рохбарони кумитахои давлатии ду кишвар Камчибек Ташиев ва Саймумин Ятимов имзо шудааст.
Дарозии сархади байни Киргизистон ва Точикистон зиёда аз 970 километрро ташкил медихад. Пештар чонибхо аллакай китъахои бахсбарангезро мувофика намуда буданд, ки ин кадами мухим дар рохи халли нихоии масъалаи сархади буд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода