Душанбе, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Қирғизистон машқҳои байналмилалии ҳарбии «Рубеж-2025» бо иштироки низомиёни тоҷик ва дигар кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) бо муваффақият анҷом ёфтанд.

Машқҳо дар пойгоҳи омӯзишӣ-тренингии «Эдельвейс» дар шаҳри Балыкчы ва акваторияи кӯли Иссик-Кул баргузор шуданд. Дар маневрҳо контингентҳои низомӣ аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон, ҳамчунин гурӯҳҳои оперативии Штаби Муттаҳид ва Дастгоҳи иҷроияи ОДКБ иштирок карданд.
Мақсади машқҳо такмил додани малакаҳои амалӣ оид ба гузаронидани амалиёти ҷангӣ алайҳи созмонҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ҳамчунин амалиёт дар шароити кӯҳистон буд.
Ҳамагӣ тақрибан 1200 нафар ва 500 адад техникаи ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва киштиҳои ҷангӣ, дар машқҳо иштирок карданд.
Машқҳои «Рубеж-2025» сатҳи баланди ҳамоҳангӣ ва омодагии қувваҳои муттаҳиди минтақаи Осиёи Марказиро барои бартараф намудани таҳдидҳо нишон доданд ва амният ва суботро дар минтақа тақвият бахшиданд.
ФОТО: Штаб ОДКБ
