Душанбе, 18 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳалокати фоҷиабори шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон Алиев Қобилҷон, хонандаи синфи 4-уми мактаби миёнаи Успенскии шаҳраки Горки-2 ноҳияи шаҳрии Одинтсовои вилояти Москва, мавқеи қатъӣ ва принсипии худро баён намуд. Ҳодисаи мазкур 16 декабри соли 2025 дар натиҷаи ҳамлае, ки бар асоси адовати миллӣ сурат гирифтааст, ба вуқӯъ пайваста, кӯдак дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

17 декабри соли 2025 Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват гардид. Ба ӯ нотаи расмӣ супорида шуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Россия гузаронидани таҳқиқоти фаврӣ, ҳамаҷониба ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро талаб кардааст.
Дар нота таъкид мегардад, ки ҳамаи шахсони ба ин қазия дастдошта бояд тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Душанбе ин ҳодисаро на танҳо ҳамчун ҷиноят алайҳи як шаҳрванд, балки ҳамчун нақзи арзишҳои умумибашарӣ, сулҳи байни миллатҳо ва ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ мекунад.
ВКХ Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия супориш дода шудааст, то бо хешовандон ва наздикони марҳум дар тамоси доимӣ қарор дошта, ин масъаларо таҳти назорати махсус нигоҳ дорад. Ниҳодҳои дипломатии кишвар барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва маънавӣ сафарбар шудаанд.
Ин ҳодиса дар пасманзари нигаронии афзоянда вобаста ба амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ, бахусус ноболиғон, аҳамияти махсус пайдо кардааст. Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид менамояд, ки ҳар гуна зоҳиршавии хушунат бар асоси адовати миллӣ ё дигар шаклҳои нафрат қатъиян қобили қабул нест ва бояд баҳои сахти ҳуқуқӣ гирад.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андӯҳи амиқ ба хонавода ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, таъкид мекунад, ки минбаъд низ ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандони худро новобаста аз макони будубошашон пайгирона ҳимоя хоҳад кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
